Марҳилаи дуюми курсҳои таълимӣ барои довталабони литсензияи «В» анҷом ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи дуюми курсҳои таълимӣ барои довталабони литсензияи «В» анҷом ёфт

Дар Душанбе курсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи мураббигии дипломи «В»-и Конфедератсияи футболи Осиё ба анҷом расиданд. 

Дастурдиҳандаи ин курсҳо инструктори КФО Боир Игамбердиев буда, вазифаи ёвари ӯро сардори шуъбаи таълими раёсати техникии ФФТ, мураббии тими миллии Тоҷикистон Алифбек Беромов ба уҳда дошт. 

Тибқи барнома курсҳо аз ду марҳила иборат буданд. Марҳилаи якум аз 20 то 29 август гузаронида шуд. Баъд довталабони литсензияи «В» дар дастаҳо таҷрибаомӯзӣ гузарониданд. Марҳилаи дуюм аз 10 то 19 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

Довталабони иҷозатномаи мураббигии «В»-ро 16 нафар – Сайёра Саидова, Қурбонгул Қурбонова, Нишона Саидова, Изатулло Мирзоев, Абдулло Соқиев, Акмал Набиев, Ҷаҳонгир Ҷаборов, Маъруф Абдулҳамидов, Сайназар Наимов, Ҷӯрахон Мирзоев, Равшан Юлдошев, Алӣ Бобоёрзода, Руиншоҳ Камолзода, Зоирхон Холматов, Муҳаммадҷон Раҳмонов ва Полат Аллагулиев аз Туркманистон ташкил медоданд.

Барномаи курсҳои мураббигӣ аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Баъди ба охир расидани курсҳо довталабон имтиҳон супориданд.

Назари худро бинависед