Дар бозии марказии даври ҳафтуми мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам мустаҳкам кард. «Равшан» бо 18 имтиёз дар зинаи якуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
«Моҳир»-и Ёвон, ки дар даври ҳафтум дар майдони худ бар “Исфара”-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд, бо 14 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи дувум баромад. “Эсхата”, ки 12 имтиёз гирифтааст, як зина поин шуд ва дар ҷойи севум қарор дорад.
Дар ду бозии дигари даври ҳафтум «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 6:2 ва Ҳулбук”-и Восеъ бар дастаи меҳмон – «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат – бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.
Ду бозӣ миёни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор – «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Ҳосилот»-и Фархор – «Равшан»-и Зафаробод бо натиҷаҳои якхелаи мусовии 1:1 ба поён расид.
Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон 6-уми август миёни дастаҳои «Шоҳмансур» – «Ҳулбук», «Исфара» – «Саройкамар», «Панҷшер» – «Моҳир» ва 7-уми август байни тимҳои «Равшан» (Зафаробод) – «Ваҳдат», «Эсхата» – «Барқчӣ» ва «Ҳосилот» – «Равшан» (Кӯлоб) баргузор мешаванд.
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 7-ум
«Равшан» (Кӯлоб) – «Эсхата» – 3:0
Голҳо: Далер Шомуродов, 8 – аз пеналтӣ (1:0). Далер Шомуродов, 49 – аз пеналтӣ (2:0). Саидамири Саидаҳмад, 86 (3:0).
«Барқчӣ» – «Панҷшер» – 1:1
Голҳо: Маҳмуд Ғаюров, 83 (0:1). Зуҳриддин Фузайлов, 90+6 (1:1).
«Ҳулбук» – «Ваҳдат» – 2:1
Голҳо: Суҳроб Асоев, 55 (0:1). Аваз Қамчинов, 76 (1:1). Зоирхон Холматов, 90+5 (2:1).
«Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:1
Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 25 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 58 (1:1).
«Моҳир» – «Исфара» – 4:3
Голҳо: Муродбек Юсупов, 8 (1:0). Хушбахт Назиров, 19 (1:1). Фирдавс Мӯсоев, 23 (1:2). Абдураҳим Раҳимов, 34 (1:3). Баҳровар Ҳалимов, 77 (2:3). Баҳровар Ҳалимов, 79 (3:3). Баҳровар Ҳалимов, 90+1 (4:3).
«Саройкамар» – «Шоҳмансур» – 6:2
Голҳо: Соҳиб Ваҳҳобов, 21 (1:0). Фирдавс Икромов, 28 (1:1). Хуршед Ямоқов, 45 (2:1). Ҷӯрабек Юсупов, 59 (2:2). Акмалҷон Авазов, 61 (3:2). Акмалҷон Авазов, 74 – аз пеналтӣ (4:2). Соҳиб Ваҳҳобов, 77 (5:2). Ҷонибек Ғаффоров, 81 (6:2).
Б | Ғ | М | Б | Т | И | ||
1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 7 | 6 | 0 | 1 | 27-13 | 18 |
2 | «Моҳир» (Ёвон) | 7 | 4 | 2 | 1 | 21-19 | 14 |
3 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 7 | 4 | 0 | 3 | 17-15 | 12 |
4 | «Исфара» (Исфара) | 7 | 4 | 0 | 3 | 13-13 | 12 |
5 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 7 | 3 | 2 | 2 | 17-9 | 11 |
6 | «Саройкамар» (Панҷ) | 7 | 3 | 2 | 2 | 17-15 | 11 |
7 | «Ҳосилот» (Фархор) | 7 | 3 | 1 | 3 | 13-13 | 10 |
8 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 7 | 3 | 1 | 3 | 14-15 | 10 |
9 | «Равшан» (Зафаробод) | 7 | 2 | 3 | 2 | 9-9 | 9 |
10 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 7 | 2 | 1 | 4 | 20-21 | 7 |
11 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 7 | 1 | 1 | 5 | 15-16 | 4 |
12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 7 | 0 | 1 | 6 | 6-31 | 1 |