Лигаи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинар оид ба тибби варзишӣ баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинар оид ба тибби варзишӣ баргузор кард

Дар Душанбе бо ташаббуси Лигаи футболи Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бобати тибби варзишӣ баргузор гардид.

Дар семинар духтуроне, ки дар дастаҳои лигаи олӣ ва якум, инчунин дар тимҳои яккачини Тоҷикистон фаъолият мекунанд, иштирок доштанд.

Дастурдиҳандаҳои семинар травматолог, мудири шуъбаи тиббии Федератсияи футболи Тоҷикистон, духтури тими миллӣ Фаррух Авезов, травматолог-ортопеди шуъбаи осеби омехта ва ҷарроҳии таъҷилии ММТ ҶТ «Шифобахш» Фарҳод Парпиев, духтури асаб, ассистенти кафедраи бемориҳои асаби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Диловар Хокироев, анестезиолог-реаниматологи ММТ «Шифобахш» Осаф Сафаров ва директори генералии Академияи миллии олимпӣ Эркин Латипов буданд.

Мавзӯъҳои умдае, ки дар семинар баррасӣ шуданд, инҳо буданд: анатомия: системаи устухон ва мушакҳо, дараҷаи осеб дар футбол, зарбаи мағзи сар дар футболбозон, қатъи таппиши ногаҳонии қалб, ғизои дурусти футболбозон, тартиби назорати допинг ва ғайра.

Дар семинар пизишкони тоҷик маърӯзаи ҳамкасбони худро шунида, масъалаҳои мубрами соҳаи тибби варзиширо баррасӣ карданд ва табодули таҷриба намуданд.

Дар маросими оғоз ва анҷоми семинар ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуданд ва ба маърӯзачиён барои баргузории семинари таълимӣ изҳори сипос карда, нақши пизишконро дар футболи муосир бузург ва муҳим хонданд.

Назари худро бинависед