Лигаи чемпионҳои Осиё-2022: «Истиқлол» аз «Ал-Ҳилол» шикаст хӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи чемпионҳои Осиё-2022: «Истиқлол» аз «Ал-Ҳилол» шикаст хӯрд

Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дучори бохти севум шуд.

Дастаи Виталий Левченко дар даври севум аз ғолиби феълии мусобиқот, бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ноком гардид. Муаллифи голи ягона дар дақиқаи 52-ум Салмон Ал-Фараҷ шуд.

«Истиқлол» бозии навбатии худро дар ин мусобиқаи бошукӯҳ 19 апрел баргузор мекунад. Рақиби бошгоҳи Душанбе боз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ хоҳад буд.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Салмон Ал-Фараҷ, 52.

15 апрел. Риёз. Варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд». 13 158 тамошобин.

Назари худро бинависед