Мисли як соли пеш чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ба Арабистони Саудӣ рафта, дар он ҷо бозиҳои даври гурӯҳии мусобиқаи асосии даставии Осиё – Лигаи чемпионҳои КФО дар минтақаи ғарбиро анҷом медиҳад.
Дар Лигаи чемпионҳои КФО-2022, чемпиони Тоҷикистон, “Истиқлол”-и Душанбе дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ар-Райён» (Қатар) ва инчунин ғолиби ҷуфти плей-оффи «Шарҷа» (АМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ) хоҳанд буд.
Ҳама бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2022 дар минтақаи ғарбӣ аз 7 то 27 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои “А” ва “В”), Ҷидда (гурӯҳи “С”), Бурайда (гурӯҳи “D)” ва Даммам (гурӯҳҳои “Е”) доир хохахоҳанд гашт.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се даста, ки дар чаҳоргонаи худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, ба даври 1/8 финали Лигаи чемпионҳои КФО роҳ меёбанд..
Дар сурати роҳ ёфтан ба плей-офф, бозии даври 1/8 ниҳоиро “Истиқлол” 3 ё 4 феврали соли 2023 баргузор мекунад.
Лигаи чемпионҳои КФО-2022:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райён» (Қатар), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти плей-оффи «Шарҷа» (АМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ).