ЛФТ санаи баргузории бозиҳои 1/8 ниҳоии Париматч-Ҷоми тоҷикистон-2021-ро муайян намуд – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ санаи баргузории бозиҳои 1/8 ниҳоии Париматч-Ҷоми тоҷикистон-2021-ро муайян намуд

Лигаи футболи Тоҷикистон сана ва замони баргузории бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро муайян намуд.

Чор бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми миллӣ байни дастаҳои «Эсхата» – «Саройкамар», «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон», КМВА – «Панҷшер» ва «Ҳулбук» – «Равшан» рӯзи шанбеи 31 июл ва чор бозии дигар байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Пахтакор», «Кӯктош» – «Истаравшан», «Моҳир» – «Файзканд» ва «Истиқлол» – «Душанбе» рӯзи якшанбеи 1-уми август баргузор хоҳанд шуд.

Тибқи қарори Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ бозиҳои марҳилаҳои 1/8 ва 1/4 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 аз як вохӯрӣ, бозиҳои марҳилаи ниманиҳоӣ бошанд аз ду вохӯрӣ (дар хона ва дар сафар) иборат мебошанд. Баргузории бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки барандаи Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 ҳаққи намояндагӣ кардани кишвари моро дар Ҷоми КОФ-2022 ба даст меорад. Дар сурати ғолиби Ҷоми миллӣ гаштани қаҳрамон ва ё ноиб-қаҳрамони кишвар, он гоҳ барандаи медалҳои биринҷии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО баромад мекунад.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021

1/8 финал

31 июл (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хатлон» (Бохтар)

КМВА (Душанбе) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Равшан» (Кӯлоб)

 

1 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истаравшан» (Истаравшан)

«Моҳир» (Ёвон) – «Файзканд» (Восеъ)

 

Оғози бозӣ – соати 19:00

«Истиқлол» (Душанбе) – «Душанбе» (Душанбе)

Назари худро бинависед