Курсҳои омӯзишӣ аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В» ба охир расид – Федерация Футбола Таджикистана

Курсҳои омӯзишӣ аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В» ба охир расид

Имрӯз, 20-уми июн дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе курсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи муҷаввизи «В» ба анҷом расид.

Марҳилаи якуми курсҳои мураббигӣ дар Душанбе аз 11 то 20 май ва марҳилаи дуюм аз 11 то 20 июн баргузор гаштанд.

Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори Конфедератсияи футболи Осиё Боир Игамбердиев ва ёвари ӯ инструктори Федератсияи футболи Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев буданд.

Дар ҷамъбасти курсҳои мураббигӣ директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ширкат варзида, иштирокчиёнро барои хатми бомуваффақонаи курсҳо табрик кард ва ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно намуд.

Назари худро бинависед