Кумитаи назорати интизоми ФФТ ба дастаи «Пахтакор» бохти фаннӣ эълон кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи назорати интизоми ФФТ ба дастаи «Пахтакор» бохти фаннӣ эълон кард

Рӯзи 22-юми июн таҳти раёсати роҳбари Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон Тоҳир Нурзода нишасти навбатии Кумита баргузор гашт. Дар ҷаласа як қатор қоидавайронкунии бозингарон ва дастаҳо ҳангоми баргузории бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ гардида, қоидашиканҳо муҷозот шуданд.

Аз ҷумла, барои вайрон кардани банди 10 боби 5 Кодекси назорати интизоми ФФТ, ки иштироки бозингари ба тартиби муқарраргардида номнависнашударо ифода мекунад, ба дастаи лигаи якуми Тоҷикистон – “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бохти фаннӣ бо ҳисоби 3 бар 0 эълон карда шуд. Маълум гардид, дар бозӣ муқобили дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, ки рӯзи 17-уми июн баргузор шуд, дар ҳайати дастаи “Пахтакор” футболбози ба тартиби муқарраргардида номнависнашуда ба майдон баромада аст. Дар ҷаласа, инчунин ба бозингари дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Балхӣ – Хуршед Умаров, ба бозингари дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ – Мунис Расулов ва ба бозингари дастаи “Равшан”-и Зафаробод – Умедҷон Исматов барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҷорӣ, тибқи Кодекси назорати интизоми ФФТ ҷазо таъин карда шуд.

Назари худро бинависед