Тибқи қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари марказии бозии Суперлига оид ба футзал байни дастаҳои КМВА ва «Истаравшан» (3:2) Сафаралӣ Маҳмадизодаро аз доварӣ барои панҷ давр маҳрум карда шуд.
Пас аз омӯзиши ҳолат маълум шуд, ки дар анҷоми вохӯрии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 миёни бошгоҳҳои КМВА – «Истаравшан» довари марказӣ Сафаралӣ Маҳмадизода бо бозигари тими пойтахт Акмал Алиназаров занозанӣ кардааст.
Бар асоси ин, довар Сафаралӣ Маҳмадизода барои нақзи моддаи 2.4-и Кодекси интизомии доварон – «Вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди ҳакамӣ», аз ҳуқуқи доварии ҳамаи бозиҳои аз ҷониби ФФТ ташкилшуда ба муҳлати панҷ давр маҳрум гардид.
Илова бар ин, дар ҷаласаи Кумитаи доварони ФФТ шикояти бошгоҳи футболи «Хатлон» дар мавриди доварӣ дар бозии даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2022 бо тими «Истиқлол» баррасӣ шуд. Кумитаи доварони ФФТ сабти видеоии ин вохӯриро баррасӣ намуда, ба хулосае омад, ки даъвоҳои дастаи «Хатлон» беасос аст – гол ба дарвозаи дастаи «Хатлон» дар дақиқаи 29-ум дуруст зада шудааст. Илова бар ин, дар дақиқаи 9-ум довари марказӣ Абдулло Давлатов иштибоҳан бозигари тими «Хатлон» Жан Гатен НД-ро (барои зарба ба пои ҳимоятгари «Истиқлол») аз майдон берун накардааст.
Оид ба дигар нуктаҳои муроҷиатӣ ба дастаи «Хатлон» аз ҷониби Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон посухи расмӣ равон карда мешавад.