Комиссияи назорати молиявии дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Комиссияи назорати молиявии дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи ислоҳоти фаъолияти молиявии дастаҳои футболи касбӣ ва ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ Комиссияи назорати молиявии дастаҳои футболи лигаи олиро зери роҳбарии ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода таъсис дод.

Ҳадаф аз таъсис ва фаъолияти комиссияи мазкур назорати молиявӣ, шаффофият, самаранокӣ ва ислоҳоти самти фаъолияти молиявии дастаҳои футболи Лигаи олӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки пас аз пурра мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додани фаъолияти молиявии дастаҳои футболи Лигаи олӣ барои давраи ҳисоботии аз 1 январ то 31 декабри соли 2024 Комиссияи назорати молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳар як бошгоҳ хулосаи санҷиши молиявиро вобаста ба ислоҳ ва мутобиқнамоӣ ба меъёру талаботҳои ФИФА ва КФО пешниҳод менамояд.

Назари худро бинависед