Комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ аз клубҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Душанбе-83» дидан кард – Федерация Футбола Таджикистана

Комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ аз клубҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Душанбе-83» дидан кард

Дар арафаи оғози мавсими нави футболи кишвар гурӯҳии кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов омодагии пурраи дастаҳоро барои иштирок дар лигаҳои оливу якуми мамлакат санҷиш мекунад.

Комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ, ки аз мутахассисони самтҳои гуногуни футбол иборат аст, аз дастаҳои футболи “Регар-ТадАЗ” ва “Душанбе-83” дидан намуд.

Дар марҳилаи аввали иҷозатномадиҳӣ, комиссияи ФФТ ҳуҷҷатҳоро оид ба иҷрои талаботи муқаррароти иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби бошгоҳҳои лигаи олӣ аз рӯи меъёрҳои варзишӣ, инфрасохтор, кадрҳо, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ санҷиш намуда, инчунин ба рафти омодагии дастаҳои лигаи якуми кишвар ба мавсими нав шинос мешавад.

Дар рафти сафари худ комиссияи кории ФФТ, аз рӯи натиҷаи санҷиш ба бошгоҳҳои футболи мамлакат камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳоро ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи зарурӣ нишон медиҳад.

Назари худро бинависед