КМВА ва «Регар-ТадАЗ» дар финали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 ба ҳам меоянд – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА ва «Регар-ТадАЗ» дар финали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 ба ҳам меоянд

Иштирокчиёни бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 муайян шуданд. Дар бозии ҳалкунанда рӯзи 25 феврал КМВА-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат мекунанд.

Имрӯз, 22 феврал дар шаҳри Ҳисор бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2023 баргузор шуданд. Дар бозии аввали даври 1/2 ниҳоӣ КМВА бар дастаи «Панҷшер» зафар ёфт – 2:1. Дар вохӯрии дигари ниманиҳоӣ «Регар-ТадАЗ» бошгоҳи «Равшан»-ро мағлуб кард – 5:3.

Ҳамин тариқ, 25-уми феврал дастаҳои «Панҷшер» ва «Равшан»барои зинаи сеюм мубориза  мебаранд. Дар финал КМВА ва «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсия-2023 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023

Ниманиҳоӣ

КМВА – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Исроил Холов, 27 (1:0). Муҳаммад Ризомов, 47 (1:1). Мусиси Фароук, 77 (2:1).

Аз майдон берун шуд: Абдулатиф Тоҷиаҳмедов («Панҷшер»), 90+2 – корти зарди 2-юм.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Бахтиёр Чориев (КМВА).

 

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» – 5:3

Голҳо: Крис Эммануэл, 11 (0:1). Фирӯз Бобиев, 32 (1:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 38 (2:1). Крис Эммануэл, 45+1 (2:2). Бахтовари Хуршед, 53 – ба дарвозаи худ (3:2). Фирӯз Бобиев, 57 (4:2). Фирӯз Қараев, 59 (5:2). Ҳасан Фараҳ, 69 – аз пеналти (5:3).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Фирӯз Бобиев («Регар-ТадАЗ»).

 

Бозӣ барои ҷойи ҷои сеюм

25 феврал (шанбе)

Оғоз – соати 11:00

«Панҷшер» – «Равшан»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Финал

25 феврал (шанбе)

Оғоз – соати 15:00

КМВА – «Регар-ТадАЗ»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед