«Истиқлол» ҳунарнамоиро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 бо мусовӣ анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ҳунарнамоиро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 бо мусовӣ анҷом дод

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 қаҳрамони Тоҷикистон – «Истиқлол» бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ (1:1) мусовӣ кард. Ин вохӯрӣ 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, 17 750 тамошобинро ба ҳам овард.

Капитани «Истиқлол» Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 32-юм бо зарбаи зебои берун аз ҷаримагоҳ ҳисобро боз кард. Дар аввали қисми дуюм нимҳимоятгари «Ал-Наср» Абдураҳмон Ғариб таносубро барқарор сохт – 1:1.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е» «Персеполис»-и Эрон, ки ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов онҷо баромад мекунад, дар майдони худ аз тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ «Ал-Наср» бо 14 имтиёз дар чаҳоргонаи «А» мақоми аввалро касб кард. Ин дастаи Арабистони Саудӣ ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 роҳ ёфт.

Қаҳрамони Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе дар ҳар се бозии хонагӣ бо рақибони худ мусовӣ намуда («Ал-Дуҳайл» – 0:0, «Персеполис» – 1:1, «Ал-Наср» – 1:1), се имтиёз дарёфт.

 

🏆 Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24

♦️ Минтақаи ғарбӣ. Гурӯҳи «Е». Даври 6

🇹🇯 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 🇸🇦 «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 1:1

️ Голҳо: Алишер Ҷалилов, 32 (1:0). Абдураҳмон Ғариб, 50 (1:1).

🇹🇯 «Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Иван Новоселетс, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 71), Алиҷон Кароматуллозода, Седрик Гогуа, Содиқҷон Қурбонов (Ҷозеф Окоро, 77), Денис Беганович, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Сенин Себаи (Шервонӣ Мабатшоев, 86).

🔝 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Ҷалилов (🇹🇯 «Истиқлол»).

🏟 5 декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 750 тамошобин.

Назари худро бинависед