Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Муғулистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Муғулистон бозӣ мекунад

Дар Душанбе имрӯз, 5 октябр мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад. Дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон барои роҳхатҳои қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд. 

Дар оғози марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо ҳамсолони худ аз Муғулистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст. Биёед дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем!

 

🏆 Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола

️ Даври 1

📆 5 октябр (чоршанбе)

⏰ Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад

🇲🇳 Муғулистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед