«Хатлон» дуюмин дастаи финалисти Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020 – Федерация Футбола Таджикистана

«Хатлон» дуюмин дастаи финалисти Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020

«Хатлон»-и Бохтар дуюмин дастаи бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020 шуд. Дар бозии ниманиҳоӣ “Хатлон” бар “Истаравшан” бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯзӣ ёфт. Голҳои дастаи ғолибро Кароматулло Саидов аз зарбаи пеналти ва Худойдод Узоқов заданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020 дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар вомехӯранд. Бозии ҳалкунандаи Ҷоми миллӣ рӯзи 10 октябр, соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

 

Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/2 финал

«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:0

Голҳо: Кароматулло Саидов, 48 – аз пеналти (1:0). Худойдод Узоков, 75 (2:0).

Назари худро бинависед