Дар бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки имрӯз, 15-уми июл дар маҷмааи варзишии «Суғдиёна»-и Ҷиззах баргузор шуд, ғолиб маълум нашуд. Ин дафъа вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Аз ҳайати дастаи мо бозигари «Соро компания»-и пойтахт Бахтиёр Солиев дубл анҷом дод. Голҳоро аз ҳайати дастаи Ӯзбекистон Ҳусниддин Шодмонов ва Дилшод Раҳматов ба самар расониданд.
Қаблан бозии якуми дӯстона миёни футзалбозони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо ҳисоби 4:4 анҷом ёфта буд.
Бозии санҷишии сеюм дар Ҷиззах миёни дастаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзи 17 июл баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мегардад.
Вохӯриҳои рафиқона миёни мунтахабҳои футзал
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 4:4
Голҳо: Дилшод Раҳматов, 7 (1:0). Ихтиёр Ропиев, 13 (2:0). Умед Кузиев, 19 (2:1). Ҳусниддин Нишонов, 19 (3:1). Баҳодур Хоҷаев, 26 (3:2). Идрис Ёров, 29 (3:3). Илҳом Ҳамроев, 31 (4:3). Дилшод Саломов, 34 (4:4).
14 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:2
Голҳо: Хусниддин Нишонов, 6 (1:0). Бахтиёр Солиев, 27 (1:1). Дилшод Раҳматов, 28 (2:1). Бахтиёр Солиев, 37 (2:2).
15 июл. Ҷиззах. Маҷмааи варзишии «Суғдиёна».
17 июл (якшанбе)
Оғоз – соати 19:00
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Ҷиззах, Маҷмааи варзишии «Суғдиёна»