Футболбозони навраси Тоҷикистон дар нуҳумин мавсими барномаи “Футбол барои дӯстӣ” иштирок мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Футболбозони навраси Тоҷикистон дар нуҳумин мавсими барномаи “Футбол барои дӯстӣ” иштирок мекунанд

Тоҷикистон дар мавсими нӯҳуми Барномаи байналмилалии иҷтимоии кӯдакон “Футбол барои дӯстӣ”, ки имсол аз 14 то 29 май баргузор мешавад, иштирок хоҳад намуд.

Барномаи маъруфи варзишии бачагонаи “Футбол барои дӯстӣ” иштирокчиёни наврасро аз 211 кишвар гирд меорад. Футболбозони навраси 12-14 сола дар 32 даста муттаҳид шуда, дар лоиҳаи дар онлайн чемпионати ҷаҳонии “Футбол барои дӯстӣ-2021” ширкат меварзанд.

Дар мавсими нав Тоҷикистонро дар лоиҳа Арафот Юсуфшоев (мураббии ҷавон), Ардашер Давлатбеков (футболбози ҷавон) ва Самир Бодуров (журналисти ҷавон) намояндагӣ мекунанд.

Соли дуюм аст, ки бо сабаби маҳдудиятҳои пандемияи ҷаҳонӣ, лоиҳаи мазкур ба таври онлайн баргузор мешавад. Чемпионат боз дар заминаи симуляторҳои футболи F4F World ташкил карда мешавад, ки ба 27 забон ройгон дар платформаҳои MS Windows, Apple MacOS, Android, iOS дастрас мебошанд. Ҳар як даста аз шаш бозигар иборат аст. Давомнокии як бозӣ ду нимаи 3,5 дақиқаро ташкил медиҳад.

Чорабиниҳои футболии мависми нуҳӯм  аз 14 то 29 май онлайн баргузор мешаванд. Бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон дар Интернет рӯзҳои 27 ва 28 май ва бозии ниҳоӣ 29 май баргузор мешаванд. Ҳамзамон, 29 май дар Истамбул форуми футболи дӯстии сафирони миллӣ баргузор мешавад, ки он ба марҳилаи ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА рост меояд. Форум намояндагони академияҳои футбол ва рӯзноманигорони тамоми дунёро барои баррасии рушди футболи кӯдакон гирд меорад.

Имсол, “Футбол барои дӯстӣ” кӯшиши расмӣ гузоштани сеюмин рекорди ҷаҳонии Гиннесро мекунад. Барнома аллакай аз рӯи сершумортарин тамрини футболӣ ва бузургтарин чорабинии оммавии онлайн дар таърих ду рекорд гузоштааст.

Назари худро бинависед