Финали Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни «Истиқлол» – «Равшан»: дастаҳо ранги либоси худро муайян карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Финали Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни «Истиқлол» – «Равшан»: дастаҳо ранги либоси худро муайян карданд

Дар остонаи бозии ниҳоии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2023 дар меҳмонхонаи «Атлас»-и Душанбе ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷамъомад намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, масъулон – комиссари бозӣ, нозири доварон ва намояндагони бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан» ширкат доштанд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои ташкилии вохӯрии дарпешистода баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Дар финали Ҷоми кишвар футболбозони «Истиқлол» бо либоси сурхи анъанавӣ ва «Равшан» бо либоси сафед бозӣ хоҳанд кард.

Агар вақти асосии финал бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқагӣ дода мешавад. Агар ғолиб дар ин муддат ҳам муайян нашавад, тибқи муқаррароти ФИФА силсилаи зарбаҳои 11 метра таъйин мегардад.

Бояд гуфт, ки вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и пойтахт ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 1 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор гашта, соати 14:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед