Финали Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Равшан»-ро Насрулло Кабиров ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Финали Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Равшан»-ро Насрулло Кабиров ҳакамӣ мекунад

Шахсони расмӣ – доварон, нозир, ҳамоҳангсоз ва комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Равшан» тасдиқ гардиданд.

Довари марказии бозии ниҳоӣ довари ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак таъйин шуд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Абдулло Давлатов аз Шаҳринав иҷро менамояд. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе бо VAR ва довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ба ҳайси ёвари довари кор бо VAR фаъолият мекунанд. Абдураҳим Бобоев аз Турсунзода кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Раҳмон Муртазоев ҳамоҳангсози финал ва Субҳон Шодиев комиссари бозӣ таъйин гардиданд.

Қобили зикр аст, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан» рӯзи 1 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 14:00 оғоз мегардад.

 

🏆 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2023

Финал

📅 1 ноябр (чоршанбе)

️ Оғоз – соати 14:00

🔴 «Истиқлол» (Душанбе) – 🔵 «Равшан» (Кӯлоб)

Довари марказӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварон: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

VAR: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

АVAR: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

RО: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Ҳамоҳангсози бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе).

🏟 Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед