Финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Бохтар барпо мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Бохтар барпо мегардад

Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард. 

Бо мақсади рушди футбол дар минтақаҳо, рӯзи 29-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар вохӯрии ниҳоии Ҷоми кишвар дар соли ҷорӣ баргузор мешавад. Бори охир финали Ҷоми Тоҷикистон дар Бохтар 9 сол пеш – соли 2013 баргузор шуда буд. 

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2023/2024 ба даст меорад. Агар як бошгоҳ қаҳрамони (ё ноибқаҳрамони) Тоҷикистон ва соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас барандаи медали биринҷии Лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.

 

Ҳамаи финалҳои Ҷоми Тоҷикистон (1992-2021):

1992 – «Помир (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) –1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯйи пеналти – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯйи пеналти – 4:2

2020 – «Равшан (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

Назари худро бинависед