Фестивали футбол дар доираи амалигардонии барномаи «FIFA Women’s Football Campaign» – Федерация Футбола Таджикистана

Фестивали футбол дар доираи амалигардонии барномаи «FIFA Women’s Football Campaign»

Дар доираи амалисозии барномаи «FIFA Women’s Football Campaign»-2021 дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Фестивалҳои футболӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо кӯдакон аз ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритӯс ва Дӯстӣ низ ширкат варзиданд.

Дар Фестивали футболӣ, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гашт, бештар аз 200 нафар кӯдакон аз ноҳияҳои наздики шаҳр низ ширкат варзиданд.

Фестивалҳо дар шакли вазифаҳои бозӣ гузаронида шуданд, ки ба унсурҳои асосии техникии футбол асос ёфта буданд. Майдони футболбозӣ ба якчанд қисматҳо тақсим карда шуда,  дар ҳар кадоме аз онҳо кӯдакон машқҳои гуногун анҷом медоданд, аз ҷумла дар эстафетаҳо иштирок мекарданд, футбол бозӣ мекарданд ва ба дарвоза зарба мезаданд. Кӯдакон дар эстафетаҳо ва бозиҳо фаъолона ширкат варзиданд. Пас аз анҷоми фестивалҳо ба кӯдакон тӯбҳо ва футболкаҳо тақдим карда шуданд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи амалигардонии ин Барнома дар Тоҷикистон 12 фестивал ва чаҳор чорабинии шавқовари футболӣ ташкил карда мешавад.

Назари худро бинависед