Федератсияи футболи вилояти Суғд ғолибони мавсими соли 2022-ро қадрдонӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи вилояти Суғд ғолибони мавсими соли 2022-ро қадрдонӣ кард

Федератсияи футболи вилояти Суғд аз фаъолияти соли 2022 натиҷагирӣ намуда, ғолибони мавсимро қадрдонӣ кард. Чорабинии тантанавӣ дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Раҷаббой Аҳмадзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии  Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии ифтитоҳӣ ҳамаи дастаҳои вилоятро, ки дар соли 2022 дар мусобиқоти дохилии кишвар баромади хуб намуданд, табрик гуфта, ба онҳо дар мавсими нав барору комёбиҳо таманно кард.

Сипас беҳтаринҳо дар намуди футболи занона, наврасон, футзал, инчунин ғолибони лигаи дуюми вилояти Суғд мукофотонида шуданд. Илова бар ин, ба тими «Хуҷанд» барои ишғоли зинаи сеюм дар чемпионати Тоҷикистон-2022 медалҳои биринҷӣ супурда шуданд. Футзалбозони дастаи «Истаравшан» соҳиби медалҳои биринҷии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 гардиданд.

Инчунин ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Суғд мукофотонида шуданд. Дастаи «Парвоз» имсол ғолиби лигаи дуюми вилояти Суғд гардид. Медалҳои нуқра насиби футболбозони «Исфара» шуданд. Дастаи «Мастчоҳ» медалҳои биринҷиро ба гардан овехт.

 

Беҳтаринҳои мавсими соли 2022 дар вилояти Суғд: 

Беҳтарин футболбози наврас – Ҳайдаршо Худойдодов («Суғд»). 

Беҳтарин мураббии кӯдакона – Рустамҷон Юсупов (Мактаби махсуси футбол, чавгон ва аспии вилояти Суғд). 

Беҳтарин мураббиёни футболи кӯдакону наврасон – Шуҳрат Шамсиев («Истаравшан»), Абдусамад Ҳоҷибоев («Академияи Тоҷ»), Муҳаммад Абдуллозода («Гулакандоз»), Ҷаҳонгир Каримов (Мактаби махсуси футбол, чавгон ва аспии вилояти Суғд). 

Беҳтарин футзалбоз – Сироҷ Иноятов («Абдураҳмон»). 

Беҳтарин мураббии футзал – Зокир Бердиқулов («Абдураҳмон»). 

Беҳтарин футболбоз – Маҳлиё Ҷумъақулова («Шаҳристон»). 

Беҳтарин мураббии футболи занона – Фирӯза Шукурова («Суғд»). 

Беҳтарин федератсияи минтақавӣ – Федератсияи футболи Хуҷанд. 

Беҳтарин довари ҷавон – Насимҷон Мансуров. 

Беҳтарин дарвозабони лигаи дуюм – Исроил Деҳқонов («Исфара»). 

Ҳимоятгари беҳтарини лигаи дуюм – Неъматҷон Отабоев («Саразм»). 

Беҳтарин нимҳимоятгари лигаи дуюм – Абдурашид Мирхолиқов («Парвоз»). 

Беҳтарин ҳамлагари лигаи дуюм – Сафарҷон Бадалзода («Мастчоҳ»). 

Беҳтарин мураббии лигаи дуюм – Алишер Полвонов («Парвоз»). 

Беҳтарин нишонзани лигаи дуюм – Дилшодбек Рустамзода («Парвоз»). 

Бозигари беҳтарини лигаи дуюм – Хоҷӣ Абдуманон («Исфара»).

Назари худро бинависед