Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар моҳ беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистонро муайян намуда, бо мукофотҳои хотиравӣ сарфароз мегардонад.
Пас аз сари нав шурӯъшави чемпионат дар моҳи июн, се даври бозиҳои лигаи олии Тоҷикистон баргузор гашт. Ба гуфтаи доварони салоҳиятдор, беҳтарин бозигари моҳи июн нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Эҳсони Панҷшанбе буд. Эҳсон дар ҳар се бозии дастаи пойтахт беҳтарин бозигар дониста шуд. Унвони беҳтарин мураббии моҳро низ сармураббии Истиқлол Виталий Левченко соҳиб шуд. Зери роҳбарии ӯ даста дар моҳи июн се бозӣ гузаронда нӯҳ имтиёзро ба даст овард ва мавқеашро дар садри ҷадвал устувор намуд.
Инчунин, тибқи иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, дарвозабони “Хатлон” Куайе Годсон ва сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев ғолибони моҳи апрел дониста шуданд.
Мукофотҳои хотиравӣ ба соҳибонашон дар бозиҳои навбатии лигаи олии Тоҷикистон тақдим мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар моҳ ғолибонро дар мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон ҳам муайян мекунад.