Духтурони тимҳои миллии Тоҷикистон дар Бостон дар конференсияи тиббии ФИФА ширкат карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Духтурони тимҳои миллии Тоҷикистон дар Бостон дар конференсияи тиббии ФИФА ширкат карданд

Дар конференсияи тиббии ФИФА, ки дар шаҳри Бостони ИМА баргузор шуд, духтури тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе Фаррух Авезов ва духтури мунтахаби занонаи кишвар Гуландом Халилова иштирок варзиданд.

Конференсияи тиббии ФИФА духтурони варзиширо аз саросари ҷаҳон ҷамъ оварда, ба онҳо имкон дод, ки дар доираи кӯшишҳои ФИФА барои таъмини дастрасии тамоми ассотсиатсияҳои миллӣ ба тибби футболӣ байни ҳам табодули дониш ва ғояҳо намоянд.

Конференсияи тиббии дурӯза дар Бостон ба охирин пажӯҳишҳо ва дастовардҳои тиббӣ дар футбол ва ҳамчунин нақши ФИФА дар таҳкими саломатии бозигарон дар ҳама сатҳҳо бахшида шуда буд.

Назари худро бинависед