Доварони Тоҷикистон бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми КФО-2023/24-ро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми КФО-2023/24-ро ҳакамӣ мекунанд

Ду дастаи доварон аз Тоҷикистон барои доварии бозиҳои Ҷоми КФО-2023/24 таъйинот гирифтанд.

Довари ФИФА Насрулло Кабиров нахустин бозии нимниҳоии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи Ҷанубу Шарқӣ байни бошгоҳҳои «Макартур» (Австралия) ва «Сабоҳ» (Малайзия)-ро, ки рӯзи 13 феврал дар Сидней баргузор мешавад, доварӣ мекунад. Ба Кабиров ёварони довари ФИФА – Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов вогузор шуд.

Дастаи дигари доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми КФО-ро дар минтақаи Ғарб байни бошгоҳҳои «Ал-Қаҳрабо» (Ироқ) ва «Ал-Аҳед» (Лубнон) ҳакамӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 20 феврал дар шаҳри Басраи Ироқ баргузор мешавад. Ёварони Гулмуроди Саъдулло ҳамватанони ӯ – Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов хоҳанд буд. Довари эҳтиётӣ довари ФИФА Нурзатбек Абдиқодиров аз Қирғизистон таъйин шуд.

Назари худро бинависед