Барои ҳакамии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола, ки аз 6 то 12 сентябр баргузор мешаванд, чаҳор довар аз Тоҷикистон даъват шудаанд.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов дар бозиҳои гурӯҳи «D» бо ширкати дастаҳои Ҷопон, Баҳрайн, Фаластин ва Покистон кор хоҳанд кард. Даври интихобии ин чаҳоргонаро шаҳри Ароди Баҳрайн мизбонӣ мекунад.
Ду довари дигар аз Тоҷикистон – довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи «А»-ро дар Аммони Урдун ҳакамӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои олимпии Урдун, Сурия, Уммон ва Бруней рақобат мекунанд.
Илова бар ин, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи «Е» таъйин гардид, ки дар доираи он дастаҳои Ӯзбекистон, Эрон, Ҳонконг ва Афғонистон дар шаҳри Тошканд мубориза мебаранд.