Доварони Тоҷикистон бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ва Ҷоми КФО-ро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ва Ҷоми КФО-ро ҳакамӣ мекунанд

Доварони Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО ва Ҷоми КФО-2023/24 даъват шуданд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «G» байни бошгоҳҳои «Йокагама Ф-Маринос» (Ҷопон) ва «Кайя Илоило» (Филиппин) таъйин шуд. Ин рақобат 25 октябр дар Йокогама баргузор мешавад.

Ҳайати доварон аз Тоҷикистон иборат аз довари марказӣ Насрулло Кабиров, ёварон Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «А»-ро байни бошгоҳҳои «Ал-Наҳда» (Уммон) ва «Ал-Футува» (Сурия) ҳакамӣ мекунанд. Ин бозӣ 23 октябр дар Маскат сурат мегирад.

Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 миёни бошгоҳҳои «Одиша» (Ҳиндустон) ва «Мазия» (Малдив), ки рӯзи 24 октябр дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир мегардад, ба ҳайси довари эҳтиётӣ фаъолият мекунад.

Назари худро бинависед