Доварон аз Тоҷикистон бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар минтақаҳои Ғарбу Шарқро ҳакамӣ карданд.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бо ҳамватани худ ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод, довари канорӣ Сергей Гришенко аз Қирғизистон ва довари чаҳорум Моуд Бунёдифард аз Эрон бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022-ро дар гурӯҳӣ «G» байни дастаҳои «Мелбурн»-и Австралия ва «Юнайтед Сити»-и Филиппин (3:0), ки дар Бангкок баргузор шуд, ҳакамӣ карданд. Барои довари тоҷик Гулмуроди Саъдуллои 31-сола ин нахустин бозӣ ба ҳайси довари марказӣ дар сатҳи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё буд.
Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак дар се бозии гурӯҳи «В»-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар Арабистони Саудӣ ба ҳайси довари эҳтиётӣ фаъолият кард. Кабиров дар вохӯриҳои «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Ҷазира» (АМА) – 3:0, «Ал-Ҷазира» (АМА) – «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) – 1:0 ва «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ) – «Эйр Форс» (Ироқ) – 3:0 ба ҳайси довари чаҳорум адои вазифа намуд.