Доварони бозиҳои мавқуфмондаи даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон-2022 таъйин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони бозиҳои мавқуфмондаи даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон-2022 таъйин шуданд

Пас аз танаффуси якмоҳа ба далели ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ва тими олимпии кишвар дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ боз идома мекунад. 

Рӯзҳои 21 ва 22 июн се бозии мавқуфмондаи даври нуҳуми лигаи олӣ баргузор мешавад. Дар робита ба ширкати бошгоҳҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022 вохӯриҳои онҳо дар рӯзҳои эҳтиётии тақвим доир мегарданд.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 9-ум

21 июн (сешанбе)

Бозиҳо соати 17:30 оғоз мешаванд

«Равшан» (Зафаробод) – «Истиқлол»

Довари марказӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ёварон: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Вафо Қараев (Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

«Равшан» (Кӯлоб) – «Файзканд»

Довари марказӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Ёварон: Фарҳод Куралов (Душанбе), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Бобоҷон Қаландаров (Душанбе).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

22 июн (чоршанбе)

Бозӣ соати 17:30 оғоз мешавад

«Истаравшан» – «Эсхата»

Довари марказӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кушониён).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед