Доварони бозиҳои даври ҳаштуми 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023 таъйин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони бозиҳои даври ҳаштуми 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023 таъйин шуданд

Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон ва нозирони бозиҳои даври ҳаштуми 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олиро, ки рӯзҳои 4, 5 ва 10 май баргузор мешаванд, муайян кард.

 

🏆 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Даври 8

📅 4 май (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 17:00

«Хуҷанд» – КМВА

Довари марказӣ: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

Ёварон: Сорбон Аҳмадзода, Тоҳири Баҳром (ҳарду аз Кӯлоб).

Довари эҳтиётӣ: Наврӯз Воҳидов (Вахш).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Суҳроб Ҳамидов (Рӯдаки).

🏟 Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

 

📅 5 май (ҷумъа)

️ Оғоз – соати 17:00

«Регар-ТадАЗ» – «Куктош»

Довари марказӣ: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Мунирхон Ашӯров, Насимҷон Мансуров (ҳарду аз Бобоҷон Ғафуров).

Довари эҳтиётӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

 

📅 5 май (ҷумъа)

️ Оғоз – соати 17:00

«Эсхата» – «Файзканд»

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Шарифбек Нуруддинов (Душанбе), Фаридун Маҳмадиев (Вахш).

Довари эҳтиётӣ: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

🏟 Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

 

📅 10 май (чоршанбе)

️ Оғоз – соати 17:00

«Равшан» – «Ҳосилот»

Довари марказӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ёварон: Фарҳод Куралов (Душанбе), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кӯшониён).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

🏟 Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

📅 10 май (чоршанбе)

️ Оғоз – соати 18:30

«Истиқлол» – «Хатлон»

Довари марказӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварон: Вафо Қараев (Шаҳринав), Исломҷон Холиқов (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Қурбонмурод Шарифов (Ҳисор).

Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

Комиссари бозӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе).

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед