Директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуровро бо 60-умин солгарди умр муборакбод мегӯем! – Федерация Футбола Таджикистана

Директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуровро бо 60-умин солгарди умр муборакбод мегӯем!

Имрӯз, 5 май директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқ сармураббии тими миллии кишвар Салоҳиддин Ғафуров 60 сола шуд.

Салоҳиддин Ғафуров ҳангоми футболбоз буданаш дар дастаҳои «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Звезда» (Таллин) ба сифати нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Ба ҳайси мураббӣ дастаҳои «Вахш», «Панҷшер» ва «Истиқлол»-ро роҳбарӣ намудааст. Дар мунтахаби ҷавонон (U-19) ва тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси сармураббӣ кор кардааст. Аз соли 2018 инҷониб вазифаи директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Исмоиловичро бо 60-солагии зодрӯзаш самимона табрик менамояд! Ба эшон саломатии бардавом, шукуфоӣ ва дар рушди футболи Тоҷикистон муваффақиятҳои беназирро таманно мекунем!

Назари худро бинависед