Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати пурраи сабадҳои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро нашр кард. Қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқот 25 май баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар таърихи худ бори ёздаҳум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади сеюм қарор гирифт. Ин маънои онро дорад, ки футзалбозони мо аниқ дар як гурӯҳ бо Тайланд, Тайбейи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ намекунанд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.
Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад.
Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:
Сабади 1: Кувайт, Эрон, Ҷопон, Ӯзбекистон.
Сабади 2: Ироқ, Лубнон, Ветнам, Баҳрайн.
Сабади 3: Таиланд, Тайбейи Чин, ТОҶИКИСТОН, Кореяи Ҷанубӣ.
Сабади 4: Арабистони Саудӣ, Индонезия, Туркманистон, Уммон.