Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии «International Thanh Nien Cup», ки дар Ветнам аз 6 то 12 январ баргузор мешавад, ширкат менамояд.
Рақибони дастаи мо мунтахабҳои ҷавонони Ветнам, Тайланд ва Малайзия хоҳанд буд.
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.
Пас аз анҷоми Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.