Ҷавонони «Регар-ТадАЗ» медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистонро ба даст оварданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷавонони «Регар-ТадАЗ» медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистонро ба даст оварданд

Имрӯз, 30 декабр дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода дар маросими махсус медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонон ба бошгоҳи эҳтиётии «Регар-ТадАЗ» супорида шуданд. 

Дар чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуда, ҷавонони «Регар-ТадАЗ»-ро бо ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон табрик намуда, ба даста дар мавсими нави футбол барору комёбиҳо таманно карданд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода таҳти роҳбарии Фарҳод Холбеков 22 бозӣ анҷом дода, 19 пирӯзӣ, як мусовӣ 2 бохтро ба қайд гирифтааст. Таносуби тӯбҳо бошад, 80-19 мебошад. Нишонзани беҳтарини «Регар» дар чемпионати ҷавонон Иброҳим Зокиров бо 19 гол эътироф гардид.

Назари худро бинависед