Дар Душанбе семинари омӯзишӣ ҷиҳати тайёр кардани доварони Тоҷикистон барои кор бо VAR роҳандозӣ гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе семинари омӯзишӣ ҷиҳати тайёр кардани доварони Тоҷикистон барои кор бо VAR роҳандозӣ гардид

Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон марҳила ба марҳила ҷорикунии системаи VAR-ро дар кишвар идома медиҳад. 

Давоми ду рӯз яке аз дастурдиҳандаҳои варзидаи Конфедератсияи футболи Осиё Владислав Сейтлин аз Ӯзбекистон семинари омӯзишӣ оид ба кор бо системаи VAR-ро барои доварони Тоҷикистон пешбарӣ мекунад. Дар ин ҳамоиш 13 нафар довари марказӣ ва 12 нафар ёвар иштирок доранд. 

«Дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз VAR истифода мебаранд ва Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки бо замона баробар бошад. Ҳоло дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли ҷорӣ кардани системаи VAR идома дорад. Пеш аз оғози мавсими нав мо бояд шумораи зарурии доварон, ёварони видеоӣ ва Replay-операторонро барои кор бо система омода созем. Боиси хушнудист, ки довари мо Гулмуроди Саъдулло аз ФИФА иҷозат гирифт ва аввалин довари соҳиби сертификат барои истифодаи VAR дар Тоҷикистон гардид. Ёварони довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод ва Акмал Бӯриев иҷозатномаро ба ҳайси AVAR гирифтанд. Се нафар аз доварони мо соли гузашта дар Тошканд дар асоси ёддошти ҳамкорӣ миёни шуъбаҳои доварони федератсияҳои футболи ду кишвар курси пурраи омодагиро хатм карданд», – гуфт Рустам Абдуллоев, сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон.