13 декабр дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш», бахшида ба хотираи собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев оғоз мешавад.
Ҳадафҳои аслии ин мусобиқот дар баробари таблиғ, оммавӣ намудани футбол ва муайян кардани ғолибон, инчунин имкони дарёфти бозигарони нав барои дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон мебошанд.
Дар мусобиқаи хотираи Ислом Маҳмадшоев ҳашт мунтахаби минтақавӣ, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Суғд-1» ва «Душанбе-3» шомил шуда, дар гурӯҳи «Б» «Суғд-2», «Душанбе-1», ШНТМ ва «Хатлон-2» мубориза мебаранд.
Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаӣ ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфта, рақобатро барои медалҳо идома медиҳанд.
Бозиҳои ниҳоии мусобиқаи «Гузариш» ба хотираи Ислом Маҳмадшоев 17 декабр баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил карда мешавад.