Дар Душанбе курсхҳои омӯзишии «Level-1» барои мураббиёни футзал оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе курсхҳои омӯзишии «Level-1» барои мураббиёни футзал оғоз шуд

Дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё курсҳои омӯзишии «Level-1» барои мураббиёни футзал оғоз ёфт.

Роҳбари машғулиятҳо дастурдиҳандаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқ сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев мебошад.

Донишҷӯёни курсҳои мураббигӣ аз ҷумла инҳоянд: Акбарҷон Ортуков, Идибек Ҳабибуллоев, Зулфиқор Раҳмонов, Ҷамшед Ҳабибуллоев, Беҳрӯз Ҳабибуллоев, Комрон Хусейнов, Ҷаҳонгир Мирзоев, Фурқат Ашӯров, Абдулло Соқиев, Бахтовар Меликов, Ҷалолиддин Назаров, Шуҳрат Холиқов, Анвар Ҷалилов, Рустам Мардинаев, Алишер Парпиев, Сураҷ Каримов, Фарзод Касиров, Абдолбек Абдолбеков ва Фаррух Фарозов.

Барномаи курсҳои шашрӯза дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Донишҷӯёне, ки курси омӯзиширо бомуваффақият хатм мекунанд, соҳиби сертификати КФО «Level-1» оид ба футзал мешаванд. Ин сертификатро бо иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «С» дар футбол муқоиса кардан мумкин аст.

Назари худро бинависед