Coca-Сola – чемпионати Тоҷикистон-2021: ғалабаи якуми «Эсхата» дар лигаи олӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Сola – чемпионати Тоҷикистон-2021: ғалабаи якуми «Эсхата» дар лигаи олӣ

Рӯзи шанбеи 10 апрел ду бозии даври дуюми Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дебютанти чемпионат «Эсхата»-и Хуҷанд аввалин ғалабаи таърихии худро дар лигаи олии кишвар ба даст овард. “Банкирҳо” дар сафар бар КМВА-Душанбе бо ҳисоби 3: 1 ғолиб омаданд. Ҳар се голи Эсхатаро легионерҳои узбекистонӣ – Акобир Тӯраев (ду гол) ва Шаҳзод Абдураҳимов заданд.

Дар вохӯрии дигар «Хатлон» ва «Хуҷанд» дар Бохтар бо ҳам мусовӣ – 1:1 бозӣ карданд. Ба голи дар дақиқаи 13-уми вохӯрӣ ба дарвозаи хуҷандиҳо задаи Нуриддин Ҳамроқулов, хуҷандиён бо зарбаи дақиқи легионери рус Артем Сердюк дар дақиқаи 77-уми вохӯрӣ посух доданд.

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 13 (1:0). Артем Сердюк, 77 (1:1).

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Тоҳир Тағойзода, Фирдавс Алиназаров, Хушвахт Миров, Сорбон Авғонов (Саидшо Бозоров, 87), Муҳаммадҷон Насков, Сунатулло Исмоилов (Худойдод Узоқов, 62), Нуриддин Ҳамроқулов, Равшанҷон Азизов, Умедҷон Шарипов, Сафиоллоҳи Назарзода (Асомани Ебенезер, 76).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Ҳоҷибой Зиёев (Парвиз Боқиохунов, 61), Артем Сердюк, Дилшод Бозоров (Манучеҳр Ахмедов, 81), Эҳсон Бобоев, Нозим Бобоҷонов (Алишер Баротов, 81), Далер Ёдгоров, Самандар Очилов, Фирдавс Чақалов, Наимҷон Иброҳимзода, Максим Грек.

Огоҳонида шуданд: Равшанҷон Азизов, Куайе Годсон, Умедҷон Шарипов («Хатлон»), Эҳсон Бобоев, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Аз майдон ронда шуд: Мансур Ҳакимов (мураббии «Хуҷанд»), 90+1 – барои таҳқири ёвари сардовари бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣ: Ораз Ализода (Душанбе).

10 апрел. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 4000 тамошбинон.

 

КМВА – «Эсхата» – 1:3

Голҳо: Шаҳзод Абдураҳимов, 3 (0:1). Акобир Тӯраев, 25 (0:2). Акобир Тӯраев, 58 (0:3). Шервони Мабатшоев, 90+3 – аз пеналти (1:3).

Пеналтии амалиношуда: Акобир Тӯраев («Эсхата»), 58 – дарвозабон.

КМВА (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Комрони Мирзохон, Шервони Мабатшоев, Аъзамҷон Муродов (Элчибек Рашидбеков, 46), Идрис Амину (Билол Сулаймонов, 81), Сайёди Ковусшо, Ҷонибек Шарипов, Алиҷон Кароматуллозода, Никита Шевтсов, Феликс Теттех (Шодибек Ғаффоров, 81), Фатҳулло Фатҳуллоев.

«Эсхата» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Шаҳзод Абдураҳимов, Акобир Тӯраев (Умед Одинаев, 63), Рустамҷон Сабуров (Абдураҳмон Узоқов, 76), Мубинҷон Муминов (Парвизҷон Алиев, 56), Қаҳрамон Ҳомидов, Дилшодҷон Каримов, Иброҳимхон Эшонхонов, Бахтовар Зокиров (Амирҷон Раҳимов, 63), Абдусамад Самадов (Нарзулло Раҷабов, 76).

Огоҳонида шуданд: Беҳрӯз Хайриев, Идрис Амину, Алиҷон Кароматуллозода, Билол Сулаймонов (КМВА), Абдусамад Самадов, Парвизҷон Алиев («Эсхата»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шаҳзод Абдураҳимов («Эсхата»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Умед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Сӯҳроб Ҳамидов (Душанбе).

10 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 150 тамошбин.

 

11 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Равшан» – «Файзканд»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Бобоҷон Қаландаров (Душанбе).

 

«Кӯктош» – «Истаравшан»

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Турдибек Қӯшназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 1 0 5-2 4
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 2 1 1 0 4-2 4
3 «Истаравшан» (Истаравшан) 1 1 0 0 1-0 3
4 «Файзканд» (Восеъ) 1 1 0 0 1-0 3
5 «Хатлон» (Бохтар) 2 0 2 0 2-2 2
6 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
7 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 0 0 0 0 0-0 0
8 «Равшан» (Кӯлоб) 1 0 0 1 0-1 0
9 «Душанбе» (Душанбе) 1 0 0 1 1-4 0
10 КМВА (Душанбе) 2 0 0 2 1-4 0

 

Бомбардиры: Акобир Тӯраев («Эсхата») – 3 гол, Артем Сердюк («Хуҷанд») – 2 гол.

Назари худро бинависед