Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021: «Истиқлол» зӯртари «Хуҷанд» буд – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021: «Истиқлол» зӯртари «Хуҷанд» буд

Баъди танаффуси сеҳафтаина, ки ба иштироки мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 алоқамандӣ дошт, Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ дубора эҳё гардид.

Дар даври марказии мусобиқа “Истиқлол” дар майдони худ бо ҳисоби калони 4 бар 1 дастаи “Хуҷанд”-ро шикаст дод. Голҳои задаи Рустам Соиров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов ва легионери ҷопонӣ Риёта Нома се имтиёзи гаронбаҳоро насиби дастаи “Истиқлол” намуд.

Аз натиҷаи дигари бозиҳои ин давр ғалабаи “Хатлон” бар “Файзканд” (2:1), “Равшан” бар “Кӯктош” (2:1), “Истаравшан” бар КМВА (2:1)-ро ёдрас мешавем. Дебютанти лига “Эсхата”-и Хуҷанд дар майдони худ бар “Душанбе” бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуда, бо 17 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа баромад.

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Эсхата» – «Душанбе» – 3:1

Голҳо: Даниэль Тэгу, 21 (0:1). Фарҳод Қосимов, 29 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 48 (2:1). Парвиз Алиев, 90+4 (3:1).

Огоҳонида шуданд: Шаҳзод Абдураҳимов, Абдусамад Самадов («Эсхата»), Анушервон Наврӯзов, Даниэл Тэгу («Душанбе»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Боҳирҷон Сангинбоев («Эсхата»).

20 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2000 тамошобин.

 

«Файзканд» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Сунатулло Исмоилов, 8 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 35 (0:2). Маҳмадалӣ Содиқов, 90+3 – аз пеналти (1:2).

Огоҳонида шуданд: Равшан Азизов, Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Нуриддин Ҳамрокулов («Хатлон»).

20 июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

 

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 4:1

Голҳо: Рустам Соиров, 3 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 33 (2:0). Алексей Ларин, 46 – ба дарвозаи дастаи худ (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 55 (3:1). Рёта Нома, 69 (4:1).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Эҳсон Бобоев, Абдулмумин Забиров, Дилшод Бозоров, Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).

21 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

 

«Кӯктош» – «Равшан» – 1:2

Голҳо: Аваз Қамчинов, 43 (0:1). Ҳасан Рустамов, 59 (0:2). Амирҷон Сафаров, 61 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Азизбек Султонов («Кӯктош»), Шодиҷон Муродов, Рустам Ризоев («Равшан»).

Аз майдон ронда шуд: Алиҷон Алиҷонов («Кӯктош»), 78 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Аваз Қамчинов («Равшан»).

21 июн. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 4800 тамошобин.

 

«Истаравшан» – КМВА – 2:1

Голҳо: Илҳомҷон Баротов, 48 (1:0). Илҳомҷон Баротов, 85 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 86 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Комрон Ибрагимов, Феликс Теттех, Алиҷон Кароматуллозода (КМВА).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»).

21 июн. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

 

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Эсхата» (Хуҷанд) 10 5 2 3 19-15 17
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 5 1 3 18-12 16
3 «Хатлон» (Бохтар) 9 4 3 2 11-8 15
4 «Равшан» (Кӯлоб) 9 3 3 3 12-12 12
5 «Истаравшан» (Истаравшан) 9 3 3 3 10-10 12
6 «Файзканд» (Восеъ) 9 3 3 3 9-9 12
7 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 10 3 2 5 11-18 11
8 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 8-2 10
9 «Душанбе» (Душанбе) 9 2 3 4 14-19 9
10 КМВА (Душанбе) 10 1 3 6 10-17 6

 

Нишонзанҳо: Акобир Тӯраев («Эсхата») – 7 гол, Абдухалил Боронов («Файзканд»), Артем Сердюк («Хуҷанд») – 6 голӣ, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Эффах Кигслей Осей («Равшан»), Люк Менджана Леонел («Душанбе»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон») – 4 голӣ.

 

Дар даври 11-ум вомехӯранд:

26 июн (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:30

КМВА – «Кӯктош»

«Хатлон» – «Истаравшан»

 

27 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Равшан» – «Истиқлол»

«Душанбе» – «Файзканд»

«Хуҷанд» – «Эсхата»

Назари худро бинависед