Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021: «Истаравшан» ба «Истиқлол» ғалаба кард – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021: «Истаравшан» ба «Истиқлол» ғалаба кард

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври чоруми Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ «Истаравшан» дар майдони худ ба “Истиқлол” дастболо шуд. Ба як голи задаи “Истиқлол” соҳибони майдон бо ду гол ҷавоб гуфтанд. Ин бохти аввалини “Истиқлол” дар қаҳрамонии имсолаи кишвар мебошад

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 3-юм

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 2:1

ГолҳоРёта Нома, 36 (0:1). Илҳом Баротов, 45+1 (1:1). Бахтиёр Абдураҳмонов, 81 (2:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣИлҳом Баротов («Истаравшан»).

7 июл. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 9000 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 7 1 3 25-13 22
2 «Истаравшан» (Истаравшан) 12 5 4 3 14-11 19
2 «Истиқлол» (Душанбе) 8 5 2 1 20-6 17
3 «Эсхата» (Хуҷанд) 12 5 2 5 21-25 17
4 «Хатлон» (Бохтар) 11 4 5 2 14-11 17
6 «Равшан» (Кӯлоб) 11 3 4 4 14-15 13
7 «Файзканд» (Восеъ) 11 3 4 4 10-12 13
8 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 12 3 4 5 16-23 13
9 КМВА (Душанбе) 12 2 4 6 14-20 10
10 «Душанбе» (Душанбе) 12 2 4 6 15-27 10

 

Нишонзанҳо: Акобир Тураев («Эсхата») – 8 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан»), Артем Сердюк («Хуҷанд») – 7 голӣ, Рустам Соиров («Истиқлол»), Абдухалил Боронов («Файзканд»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 6 голӣ.

 

Дар даври 13-ум вомехӯранд:

10 июл (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:30

КМВА – «Истиқлол»

«Хатлон» – «Равшан»

«Хуҷанд» – «Истаравшан»

11 июл (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Душанбе» – «Кӯктош»

«Эсхата» – «Файзканд»

Назари худро бинависед