Бозигари дастаи «Душанбе» Амир Меморӣ Манеш барои як умр аз футбол барканор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозигари дастаи «Душанбе» Амир Меморӣ Манеш барои як умр аз футбол барканор шуд

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамлагари бошгоҳи футболи Душанбе Амир Мемари Манешро аз ҳама гуна фаъолияти марбут ба футбол дар қаламрави Тоҷикистон барои як умр маҳрум кард.

Легионери 28-солаи эронӣ Амир Мемари Манеш барои иштирок дар бозиҳои букмекерӣ маҳкум шуд. Худи бозигар иқрор кард, ки ба бозиҳои бо ширкати дастааш дар чемпионати Тоҷикистон шартгузорӣ кардааст.

Барои риоя накардани моддаи 2, банди 3 -и Кодекси интизомии ФФТ, бар асоси принсипҳои умумии қонун ва адолат, Кумитаи назорат ва интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон Амир Мемари Манешро аз ҳар гуна фаъолияти марбут ба футбол дар қаламрави Тоҷикистон барои як умр маҳрум кард.

Назари худро бинависед