Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд»-ро ҳайати доварон аз Кувайт ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд»-ро ҳайати доварон аз Кувайт ҳакамӣ мекунад

Бозии даври аввали Ҷоми КФО-2020-ро дар гурӯҳи “D” байни ду дастаи футболи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ҳайати доварон аз Кувайт хизматрсонӣ мекунанд.

Сардовари бозӣ  рефери  35-солаи ФИФА Аҳмад Ал-Алӣ таъин шудааст.  Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш – ёварони рефери ФИФА Яқуб Ал-Мутаирӣ и Абдулҳади Ал-Анезӣ кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Уммар Ашкананӣ ба зимма дорад. Нозири доварони бозӣ Маҳюб Содиқ аз Фаластин ва комиссари вохӯрӣ бошад Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз Имороти Муттаҳиддаи Араб таъин шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки ибозии даври якуми марҳили гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар квартети “D” байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзи 11 март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

 

Ҷоми КФО-2020

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

11 март (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

СардоварАҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).

ЁваронЯқуб Ал-Мутаирӣ, Абдулҳади Ал-Анезӣ (ҳарду аз Кувайт).

Довари эҳтиётӣУммар Ашканан (Кувайт).

Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).

Комиссари бозӣМуҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (ИМА).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед