Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»-ро Гулмуроди Саъдулло доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»-ро Гулмуроди Саъдулло доварӣ мекунад

Бозӣ барои дарёфти 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро ҳайати доварони Гулмуроди Саъдулло ҳакамӣ мекунанд.

Ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов (Норак) ва Фарҳод Куралов (Душанбе) ба Гулмуроди Саъдулло дар хатҳо кӯмак хоҳанд кард. Ба сифати довари эҳтиётӣ Бахтиёр Комилов (Кӯлоб) таъйин гардид. Насрулло Кабиров (Норак) дар VAR кор карда, Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд ёвари VAR хоҳад буд. Рустам Абдуллоев кори ҳайати доваронро тафтиш мекунад ва Парвиз Одинамаҳмадзода аз Душанбе комиссари бозӣ интихоб шудааст.

Бояд гуфт, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед