Ҳафтаи оянда дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17 сола доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳафтаи оянда дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17 сола доир мешавад

Аз 5-ум то 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «Н» баргузор мешаванд.

Дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд.

Дар оғози марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо тими миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 5 октябр сурат мегирад. Дар даври ниҳоӣ 9 октябр наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Афғонистон вомехӯранд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои даври интихобӣ ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

 

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола

Гурӯҳи «H»

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Афғонистон, Муғулистон.

 

Даври 1

5 октябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 19:00

Муғулистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2

7 октябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 19:00

Афғонистон – Муғулистон

 

Даври 3

9 октябр (якшанбе)

Оғоз – соати 19:00

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон 

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед