Имрӯз, 17 ноябр, бозиҳои даври пешазохирини чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи лигаи олӣ доир шуданд.
Бозии марказии давр дар шаҳри Ваҳдат миёни «Хайр» ва «Равшан»-и Кӯлоб мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.
«Истиқлол»-и Душанбе, ки ҳанӯз чанд давр қабл барои ҳарифон дастнорас гашта, барои бори чорум унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуд, дар майдони худ бар дастаи дигаи пойтахт – «Барқи тоҷик» бо ҳисоби калони 3 бар 1 пирӯз гардид.
«Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, аутсайдери чемпионати имсола – «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб сохт.
«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бо ҳисоби калони 6 бар 0 «Далерон-Уротеппа»-и Истаравшанро шикаст дод. «Вахш» дар варзишгоҳи «Пантакор» -и шаҳри Қӯрғонтеппа бар КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 4 бар 2 ғалаба кард.
Бозиҳои даври ҷамъбастии чемпионати 24-уми мамлакат, рӯзи 22 ноябр доир мешаванд. Дар ин давр тақдири медалҳои биринҷии чемпионат дар бозии миёни «Равшан» ва «Регар-ТадАз» маълум хоҳад шуд. Ба дастаи шаҳри Кӯлоб дар ин бозӣ танҳо ғалаба зарур аст. Турсунзодагиҳоро бошад, дар ин бозӣ натиҷаи мусовӣ ҳам қаноат мекунонад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17
«Истиқлол» – «Барқи тоҷик» – 3:1
«Хуҷанд» – «Парвоз» – 1:0
«Вахш» – КМВА «Помир» – 4:2
«Хайр» – «Равшан» – 0:0
«Регар-ТадАЗ» – «Далерон-Уротеппа» – 6:0
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 17 | 15 | 2 | 0 | 62-4 | 47 |
2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 17 | 12 | 3 | 2 | 33-14 | 39 |
3 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 17 | 9 | 6 | 2 | 30-12 | 33 |
4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 17 | 9 | 4 | 4 | 35-25 | 31 |
5 | «Хайр» (Ваҳдат) | 17 | 8 | 5 | 4 | 20-23 | 29 |
6 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 17 | 7 | 2 | 8 | 15-21 | 23 |
7 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 17 | 3 | 4 | 10 | 10-32 | 13 |
8 | «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) | 17 | 3 | 3 | 11 | 15-33 | 12 |
9 | «Барқи тоҷик» (Душанбе) | 17 | 3 | 2 | 12 | 14-31 | 11 |
10 | «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) | 17 | 0 | 1 | 16 | 4-43 | 1 |