Имрӯз пеш аз вохӯрӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар қароргоҳи ФФТ ҷаласаи пешазбозӣ доир гардид, ки дар он комиссари бозӣ Комрон Шодиев, намояндагони хадамоти ба ин бозӣ мансуббуда, ташкилотҳои дахлдор ва роҳбарони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот» ширкат карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, сарулибоси дастаҳо барои бозии Суперҷом муайян гардиданд. Пагоҳ «Истиқлол» бо либосҳои варзишии сафед ва «Ҳосилот» бо либосҳои сурх вориди майдон мешаванд.
Дар сурати мусовӣ ҷамъбаст шудани вақти асосии бозӣ ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ барои муайян кардани ғолиб таъин карда мешавад. Агар ин қисмҳои иловагӣ ғолибро муайян накунанд, пас зарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ (пеналтӣ) таъин мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки бозӣ барои Суперҷом 4-уми март, соати 14:00 дар Варзишгоҳи 25 000 –нафараи шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад.