Собиқадорони футболи Афғонистон бо сарварии президенти Федератсияи футболи Афғонистон Киромиддин Каримӣ барои гузаронидани якчанд бозии дӯстона бо собиқадорони футболи тоҷик ба Душанбе омаданд.
Имрӯз, 10 март, дар маҷмааи варзишии “Тоҷикгосстандарт” дар маҳаллаи Яккачинор мусобиқаи футзал байни собиқадорони футболи тоҷику афғон доир мегардад. Оғози бозӣ соати 18:30. Дар ҳайати дастаи собиқадорони футболи Тоҷикистон баромади бозигарони дар гузашта маъруф ба монанди Рустам Қурбонов, Ҳикмат Фузайлов, Рустам Қурбонов ва дигарон дар назар дошта шудааст.
Рӯзи шанбеи 12 март бошад, собиқадорони футболи афғон бо собиқадорони футболи дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вомехӯранд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Балхӣ соати 16:00 доир хоҳад шуд.
Баъд, рӯзи душанбеи 14-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 16:00 бозии дӯстонаи собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешавад.
Ба ғайр аз баргузории бозиҳои дӯстона меҳмонони Афғонистон бо фарҳангу маданияти бои миллии мардуми тоҷик аз наздик шиносу ошно хоҳанд шуд.