Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Соҳибкорбонк», ки дар баргузории марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 Федератсияи футболи Тоҷикистонро ҳамроҳ буд, баъд аз соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа гардидани мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба ду нафар бозигарони даста – Дилшод Саломов ва Мансур Мамадбобоев телевизиори плазмавӣ тӯҳфа кард. Тӯҳфаҳо ба бозигарон баъд аз анҷоми бозии даври ҷамъбастии мусобиқа миёни мунтахабҳои миллии футзали Тоҷикистону Қирғизистон (2:3) аз ҷониби намояндаи ҶСК «Соҳибкорбонк» супурда шуданд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқа аз 14 то 16 ноябр дар Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Туркманистон доир гардид. Дастаҳои мунтахаби миллии футзали Қирғизистону Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 гардиданд. Марҳилаи ниҳои чемпионати футзали Осиё-2016 соли оянда аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад.