«Сипар» дар Ҷоми бошгоҳҳои футзали Осиё – Федерация Футбола Таджикистана

«Сипар» дар Ҷоми бошгоҳҳои футзали Осиё

Дастаи “Сипар”-и Хуҷанд, ки мавсими гузашта соҳиби медали нуқраи чемпионати кишвар оид ба футзал шуда буд, Тоҷикистонро дар Ҷоми бошгоҳҳои футзали  Осиё-2018, ки аз 1-ум то 12-уми августи соли ҷорӣ дар Индонезия баргузор мешавад, намояндагӣ мекунад.

Дар ин мусобиқа  иштироки 16 даста дар назар аст, ки инҳо: «Вик Вайперс» (Австралия), «Далян Юан» (Чин), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Мес Сунгун» (Эрон), «Нагоя Оушенс» (Ҷопон), «Jeonju MAG» (Кореяи Ҷанубӣ), «Банк Бейрута» (Ливан), «MIC» (Мйянма), «Сипар» (ТОҶИКИСТОН), «Чонбури Блувейв» (Таиланд), «Ал-Дафра» (АМА), «Тай Сон Нам» (Вйетнам) инчунин чемпионҳои Индонезия, Қирғизистон, Қатар ва Ӯзбекистон ширкати мекунанд.

Дастаи “Сипар” дар Ҷоми бошгоҳҳои  Осиё-2018 аз рӯи қуръакашӣ дар сабади 4-ум бо дастаҳои «Вик Вайперс» (Австралия), «Jeonju MAG» (Кореяи Ҷанубӣ) ва «MIC» (Мйянма) ҷойгир аст. Ин маънои онро дорад, ки тим бо ин бошгоҳҳои футзал дар як гурӯҳ бозӣ карда наметавонад. Баргузории маросими қуръакашии Ҷоми бошгоҳҳои  Осиё-2018 оид ба футзал санаи 18-уми май дар меҳмонхонаи «Fairmont»-и шаҳри Ҷакарта соати 8:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

 

Ҳайати дастаҳо барои қуръакашии Ҷоми бошгоҳҳои  Осиё-2018 оид ба футзал:

Сабади 1: Чемпиони Индонезия, «Чонбури Блувейв» (Таиланд), «Мес Сунгун» (Эрон), «Тай Сон Нам» (Вйетнам).

Сабади 2: Чемпиони Қатар, «Ал-Дафра» (АМА), «Нагоя Оушенс» (Ҷопон), «Банк Бейрута» (Ливана).

Сабади 3: «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), чемпиони Қирғизистон, чемпиони Ӯзбекистон, «Далян Юан» (Чин).

Сабади 4: «Сипар» (ТОҶИКИСТОН), «Вик Вайперс» (Австралия), «Jeonju MAG» (Кореяи Ҷанубӣ), «MIC» (Мйянма).

Добавить комментарий