Шогирдони МҶМОВ дар Қазоқистон барандаи медалҳои нуқраи сабқати байналмилалӣ шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Шогирдони МҶМОВ дар Қазоқистон барандаи медалҳои нуқраи сабқати байналмилалӣ шуданд

Дастаи футболи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш (МҶМОВ) оид ба футбол зери роҳбарии мураббӣ Сафаралӣ Раҳмонов дар Қазоқистон барандаи медалҳои нуқраи сабқати байналмилалӣ шуданд. Мусобиқаи мазкур бахшида ба гиромидошти ходими шоёни давлатиии ин кишвар Нурлан Каппаров баргузор гардид.

Мусобиқа давоми панҷ рӯз дар Алмаато доир шуд ва дар он шаш дастаи футболи кӯдакони соли таваллудашон 2003 иштирок кард. Дар баробари МҶМОВ (Душанбе) дар мусобиқа дастаҳои футболи кӯдаконаи “Зенит” (Санкт-Петербург), “Динамо” (Тбилисӣ), “Пахтакор” (Тошканд), Академияи “Онтустик” (Чимкент) ва “Жас киран” (Алмаато) барои медалҳои мусобиқа талош варзиданд.

Дар даври аввли мусобиқа футболбозони навраси мо аз дастаи Академияи “Онтустик” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 маглуб шуд. Дар даври дуюм бошад шогирдони Сафаралӣ Раҳмонов бо ҳамин ҳисоб бар дастаи наврасони “Динамо” (Тбилисӣ) пирӯзӣ ёфтанд. Голи ягонаро дар сонияи 12 бозӣ Алишер Раҳимов ба самар расонд. Ин ғалаба дастаи  Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишро ба бозиҳои ниманиҳоӣ баровард. Дар бозии ниманиҳоӣ наврасони тоҷик бо ҳамсолонашон аз “Пахтакор” (Тошканд) рақобат карда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуданд. Голи ягона ва ғолибиятро Файзиддин Наҷмов дар дақиқаи 60+2 ба нишон расонд.

Дар бозии финалӣ наврасони МҶМОВ аз ҳамсолони Санкт-Петербургияшон бо ҳисоби минималии 0 бар 1 мағлуб шуданд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад, “Пахтакор” (Тошканд) дастаи “Динамо” (Тбилисӣ)-ро бо ҳисоби калони 4 бар 0 шикаст дод.

Ҳаминро қайд мекунем, ки аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи мусобиқа дарвозабони МҶМОВ Мурод Муродов беҳтарин кипер ва Сафаралӣ Раҳмонов беҳтарин мураббии мусобиқа эътироф шуда, мутансобан бо тӯҳфаҳои хотиравӣ – планшет ва смартфони тамғаи “Samsung Galaxy S6 Edge” мукофотонида шуданд.

Добавить комментарий